Дар синаи ман мақбараи ҷовидон
Хонед ба базми ошиқӣ номаи ман,
Пӯшед ба қомати сиҳӣ ҷомаи ман.
Сар пои сутуни ростӣ буда маро,
Созед сутуни хонае хомаи ман!
Рӯзе, ки ба дил муҳаббат оғоз кунӣ,
Бе болу паре ба арш парвоз кунӣ.
Дар роҳи нишеби умр шав сарафроз,
Пул нест ҷавонӣ, ки пасандоз кунӣ.
Дардову шигифто, аҷали масхарабоз
Фарқияти мурдагон намебинад соз,
Сад зиндадиле бимираду хок шавад,
Дилмурда бурун зи хок мемонад боз.
Имрӯз, ки зиндагонӣ дар хидмати мост,
Бар гардани мост, ҳар чӣ неку бади мост.
Нӯшед ба базми косагардонии умр
Имрӯз, ки коса косаи навбати мост.
Ин умр, ки дар паноҳи худ мегузарад,
Бо айби худу гуноҳи худ мегузарад.
Аз бом фитад яке, яке аз гардун,
Ҳар кас зи ҷаҳон ба роҳи худ мегузарад.
То зинда будем, зиндагонӣ кардем,
Бар қасди аҷал ҳама ҷавонӣ кардем
3-он пеш, ки аз давраи даврон биравем,
Як давр задему даврронӣ кардем.
Дар вақти ҷавониям ҷавони кардам,
Бар домани ёр дилфишонӣ кардам.
Афтодам агар. фитодам аз дори баланд,
Бо номи баланд зиндагонӣ кардам.
Гар дард барад, дарди замонат бибарад,
Гар об барад, оби калонат бибарад,
Дар ҳавзаи хушкида чӣ заврақ ронӣ,
Бигзор. ки тӯфони ҷаҳонат бибарад.
Дар синаи ман мақбараи ҷовидон,
Дар дафтари ман лавҳи мазорест ниҳон:
Бар хотираи ҳама ҷавонмардоне
Ҷӯ кандаю худ нахурда як қатра аз он
Дунё ба мисоли бори ноҳанҷор аст,
Вазнаш ҳама бар дӯши каси пурбор аст.
Аз калла манорасозй осон дар он,
Аз ақл манора сохтан душвор аст.