Дар қуллаи армонҳо парчам нашудам

Зода шуда аз Одам, одам нашудам, афсӯс,
Дар олами инсонӣ олам нашудам, афсӯс.
Дар печухами дунё бас печу хаме хурдам,
Дар қуллаи армонҳо парчам нашудам, афсӯс.
ЗоридамуДголицам, бишкуфтаму болидам,
Бар захми дили зоре марҳам нашудам, афсӯс.
Якрӯза ҳаётамро садсола ғаме доданд,
Як дам ба дили ғамгин ҳамдам нашудам, афсӯс.
Пайғамбари бепайғом афзун ҳама ҷо, аммо
Фарде нашуд арзанда, ман ҳам нашудам, афсӯс.
1991

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед