ДАР ЁДИ МАЯКОВСКИЙ

Ба уммеди бузурги оянда,
“Баҳри пурҷӯшро бино карда,
Ғарқи ноёб гашт шоири Рус,
Сафарашро тамом нокарда…”

Ноумеде нагашта, дар лаби баҳр,
Киштиҳои наве бино кардем,
Ки надорад бок аз тӯфон,
Баҳри пурҷӯшро шино кардем.

Лек киштии ғарқгардида,
Эй дареғо ҳанӯз пайдо нест,
Бояд иқрор шуд, ки дар ҳама баҳр
То ба имрӯз ҷои ӯ холист.

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед