ДАР ЛАБИ ДАРЁ
Бо ёри худ ба соҳили дарё нишастаам,
На, на, ба тахти мармари дунё нишастаам.
Тобанда аст шуълаи хуршед бар сарам,
Биншастааст духтари тоҷик дар барам.
Ин дам ки ҳаст чеҳраи ҷонона дар назар,
З-ин беш чист лаззати дунёи даргузар?
Дарё хурӯш кардаву бо ғулғули садо
Гӯё ба савти ишқи мо мегашт ҳамнаво.
Зулфи сиёҳ баста шуд бо мӯи сип-сиёҳ,
Рӯзи висол шуд баён дар риштаи нигоҳ.
Пошида об ҷонибам бо дасти сап-сафед
Оваҳ, зудуд як ба як доғи рухи умед.
Гаҳ мавҷҳо зи якдигар бас дур мераванд,
Лабҳои мо ба якдигар наздик мешаванд.
Дунё! Зи меҳру шафқатат бисёр розиям
Ин саҳнаро ҳамеша гар такрор созиям.
Эй рӯд, рӯди кишвари нирӯфизои ман,
Ту шоҳидӣ ба саҳнаи арзи вафои ман.
6.5.1963
Муаллиф: Лоиқ Шералӣ
Шарҳи худро нависед