ДАРДҲО

Гар вуҷудат ранч дид аз дарди ҷон,
Андар ӯ пайдост аз дарди ҷахон.

Мешавад дунёи ту ториктар,
Низ дунёи бадан он ҷо ниҳон.

Не намояд баҳт, не давлат туро,
Не ба чашм ояд азоби ормон.

Ҳам хаётат об гардад, тан шиканҷ,
Чун ба қалбат чо шавад дарди гумон.

Лаҳзае дардат фаромӯш метавон,
Аз ҳама ҷонкотарин дарди замон.

Ҷумла дардонро даво кардан тавон,
Дарди вичдон бедаво, эй дӯстон.

Ӯлмасо, дарди ҳаловатбахш ҳаст,
Дарди ишқи туст як дарди ниҳон.

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед