ДАРЁ, МАРО БИГИР…

Ман меравам зи соҳили дарёи мавҷхез
Дар сангбанди соҳили худ лолу бесадо.
Дарё пур аз сухан,
Дарё пур аз наво.

Мавҷе баногаҳ аз бари дарё гурехта,
Бо ҷасту хез пойи маро бехабар кашад.
Дарё вале чу модари ғамхору меҳрубон
Бозаш ба бар кашад.

Гар зиндагист модари ғамхору мушфиқам,
Охир чаро зи хеш маро тард мекунад.
Ҷонам ба сад азоб гирифтор мекунад,
Ҳам лоф мезанад, ки маро мард мекунад.

Дарё шитоб дораду амвоҷ дар бараш
Ҳамрозу ҳамдам аст.
З-ин умри даргузар ба ман оне ки мерасад,
Танҳо даму ғам аст.

Дарёи дардам аз бари сарҷӯйи осмон
Оғоз мешавад.
Чун мерасам ба саргаҳи ғамҳои худ, маро
Дамсоз мешавад.
Ҳоло агарчи хонаи дарё зи ман ҷудост,
Дарёям ибтидост,
Дарёям интиҳост.

Дарё, маро бибахш,
Дарё, маро бибахш, агар модарам туйӣ,
В-ар на бигӯй, модари ман аз табори кист?
Ман мавҷи рондаам, ки зи ту дур мондаам,
Дарё, маро бигир,
Дарё, маро бибар,
Ин шоири ғариб писарандаи ту нест.

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед