Дарёи ман аз баҳри ҷаҳон мегузарад

Ман ҷамъ кунам, туаш парешон созӣ,
Обод кунам, ту боз вайрон созӣ.
Бо ин ҳама бозию фиребу найранг,
Эй умр, зи ман чӣ гуна инсон созӣ?
Зар низ чу санг гар фаровон будӣ,
Пас, қимати ӯ зи санг арзон будӣ,
Афзун чу бадон агар накӯён будӣ,
Некиву бадӣ ба қадр яксон будӣ.
Дарёи дилам мавҷзанон мегузарад,
Аз байни ду соҳили замон мегузарад.
Дарёи ту гар ба сӯи баҳре биравад,
Дарёи ман аз баҳри ҷаҳон мегузарад.
Инҳо ҳама аз мансаби худ масруранд,
Дар минбару саҳна — ҳар куҷо манзуранд.
Гар муҳрбадасту ҳокиму пурзӯранд.
Дар пеши ҳақиқат ҳамагон маъзуранд.
Онҳо, ки ба накди шеъри мо пардозанд,
Монанди тапончаҳои беовозанд.
Нашнохта олами дили шоирро,
Аз дур ба шеърҳош тир андозанд.
Чун ганҷ ба зери хок хомӯшам ман,
Аз хотири дӯстон фаромӯшам ман.
Онҳо ҳама дар фаҳм сабукборонанд,
Лекин чу замини борбардӯшам ман.
Ёрон, ба сари гӯри ман овоз кунед,
Ҷисмам ба замини пок анбоз кунед.
Аз ҷумла хатои ман сабақ омӯзед,
Аз бандагиям зиндагӣ оғоз кунед.
Онҳо ки зи даҳр суди худ ҷӯёянд,
Шодоб чу беди соҳили дарёянд.
Аммо чу баҳор обҳо мастона
Туғён бикунанд, решакан бинмоянд.
Эй дӯст, ба ёди дӯстон бояд буд,
Курбони қудуми меҳмон бояд буд.
Чун дастагуле ба пешвози ёрон
Барбаста, ҷудо зи бӯстон бояд буд.

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед