Дарёст барошуфтаю соҳил барчост

Дарёст равону соҳилаш бепарвост,
Дарёст барошуфтаю соҳил барчост.
Дарё чу бихушкид, бимонад соҳил
Ҳамчун ду лабе, ки аз лаби ёр ҷудост.
Нӯшед ба ёди хотири хастаи ман,
Холӣ накунед ҷои биншастаи ман
Андар сари гӯри ман гузоред чу лавҳ
Як соғари вақти мастӣ бишкастаи ман
Ёрон, чу сари қадаҳ ба ишрат оед,
Ёде зи мани сӯхтадил бинмоед.
Ман ток наям, ки тирамаҳ гӯр кунед,
Чун фасли баҳор даррасад, бикшоед.
То ном физоӣ, нафси худро кам кун,
Одамгарӣ кун, валек бо одам кун.
Мегуфт даравгаре ба ман вақти дарав:
Чун хӯшаи гандум ба замин сар хам кун
Хушбахт касе, ки хидмати ёр кунад,
Ҳар ҷо, ки қадам ниҳод, гулзор кунад.
Зангӯлаи гоҳвораю гиряи тифл
Ҳар субҳ варо зи хоб бедор кунад.
То чанд ту бо гузаштагон менозӣ,
Бо Рӯдакию ба Ҳофизи Шерозӣ?
Вақт аст, сари минбари озоди сухан
Хайёми дигар, Ҳофизи дигар созӣ!
Ҳар чашм, ки наззора кунад, ҷӯё нест,
Ҳар роҳбари савор раҳпаймо нест.
Ҳар ланг нашуд ҷаҳонситон чун Темур,
Ҳар кӯр ба мисли Рӯдакӣ бино нест.
Ҳар қадр шавад пир, ҷавон аст одам,
Як боркаше баҳри замон аст одам.
Ӯ рӯи замину рӯи ӯ гардунҳост,
Гӯё ки замину осмон аст одам.
Ин хок мисоли модарон мегиряд,
Дар мотами хокхуфтагон мегиряд,
Ҳар роҳ ки нақши бад гузоранд бар ӯ,
Дар зери қудуми нокасон мегиряд.
То ҷоми диле ба дасти ёре нашикаст,
Армони диле зи дӯстдорӣ нашикаст.
Ҳарчанд ки зиндагӣ гулоби талх аст,
Бисёр чашидему хуморе нашикаст.
Дилро ба қумоши ишқ савдо кардам,
Дар синаи гарми шавқ маъво кардам,
То он ки дар ин ҷаҳон биёбам ҷое,
Худро зи ҷаҳони хеш пайдо кардам.

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед