ДАРОЗУ КӮТОҲ

Пири дарвеш
Ки яқин буд навад солаш беш,
Менишаст охири роҳ,
Гӯиё дар сари роҳ.
Мекашид аз дили дилсӯхта оҳ:
Чӣ дароз аст, Худоё,
раҳи умри кӯтоҳ!

***

Чароғ хоҳаму як рӯзи рӯшноӣ ҳам,
Миёни ин ҳама бегона ошное ҳам.
Аз ин шабонгаҳи зулмат магар тавон раҳ бурд,
Ки нест чашми чароғею раҳнамое ҳам.
Чароғ дар сари роҳам зи даст бирбуданд,
Ки ҳеҷ каҷ нашиносам зи ростое ҳам.
Навои булбули ошиқ зи хок мехезад,
В-аз осмон нарасад бар замин садое ҳам.
Ба ҷон хидояти ӯро ки нашнавӣ аз ғайб,
Ба гӯши ӯ расад оё зи ту нидое ҳам.
Туро ки ҳар даме аз худ ҳазор ранҷе ҳаст,
Чӣ ҷойи шиквае аз бандаву Ҳудое ҳам.
Нафас ба ойинаи субҳи мунҷамид ях баст,
К-ишоратест ба боми сапедазое ҳам.

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед