ТАҚ-ТАҚИ ДАРВОЗА ШУД

Ногаҳон шаб тақ-тақи дарвоза шуд,

Рӯ ба рӯям мошине, шуд.

Мошини хушранги «Зил»-и наппа нав.

Хонаи мо з-он пури харбуза шуд.

 

Ҳар гаҳе дарвозаи мо во шавад,

Мефурорам гунна-гуна бори нағз,

Зери айвонҳо пури савғо шавад.

 

Отаҷонам сарвари «Контора» аст.

Дар намуд ӯ одами садкора аст.

Ҳар чӣ хоҳем аз дари мо медорад,

Зиндагии нағзи мо аз пора аст.

 

Номи отам ҳар куҷо овоза шуд,

Ҳамнишинаш коргарони база шуд.

Шапкадоре омаду кардаш суроғ,

Дар гумонам корашон бемаза шуд.

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед