ДАРЁФТ

Ишқи худро оқибат дарёфтам
Чун умед аз ноумеди ҷаҳон.
Ишқ дар боғи дилам пажмурда буд,
Руст аз доғи дилам ӯ ногаҳон.

Ишқи худро оқибат дарёфтам
Аз раҳи тақдир чун ангуштарин.
Ӯ магар афтода аз ангушти моҳ
Дар раҳи бахти ман аз чархи барин?

Ишқи худро оқибат дарёфтам
Бебаҳо чу гавҳар аз дарёи дил.
Оҳ, ӯ ашки арӯсии ман аст
Рехта дар домани дунёи дил.

Ишқи худро оқибат даёфтам
Бар сарам чун осмони беканор.
Дидамаш чун ахтари рахшони худ
Раҳнамоям сӯи рӯз аз шоми тор.

Ишқи худро оқибат дарёфтам
Аз раҳи пурпечу тоби зиндаги.
Дар дилу дар дидагони ман дамид
Рӯшании офтоби зиндаги.

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед