ДАРЁИ ДӮСТӢ
Аз қатра пуроб гашта ҷубор,
Чуйбор ба рӯд рафта пайваст.
Гар қатра ба ҳамдигар наёмехт,
Сад сол зи банди кӯх намерасат.
Ин аст, ки чун ғулом аз қайд,
Об аз дари кӯҳ мегурезад.
Бишкаста ҳазор садду монеъ,
Озодӣ талаб басо ситезад.
Бо нийяти пок резад аз ҷар,
Бишкаста чу чормағз сангон.
Турбинаи ГЭС ба ҷунбиш орад,
Хуршеду ситора дар сари он.
Оварда ҳаёт дар дили дашт,
Сад мева дамад зи регзорон.
Дунё зи куҷо нишот меёфт,
Дарё набудӣ агар дар исён?
Банде набувад, ки дорадаш роҳ,
Саҳро набувад, ки хушк монад.
То дар сари ӯ дурахши хуршед,
Маҷрош суруди бахт хонад.
Шарҳи худро нависед