ДАРЁИ ДӮСТӢ
Аз қатра пуроб гашта ҷӯбор,
Ҷӯбор ба рӯд рафта пайваст.
Гар қатра ба ҳамдигар наёмехт,
Сад сол зи банди кӯҳ намераст.
Ин аст, ки чун ғулом аз қайд,
Об аз дари кӯх мегурезад.
Бишкаста ҳазор садду монеъ,
Озодиталаб басо ситезад.
Бо нийяти пок резад аз ҷар,
Бишкаста чу чормағз сангон.
Турбинаи ГЭС ба қунбиш орад,
Хуршеду ситора дар сари он.
Оварда ҳаёт дар дили дашт,
Сад мева дамад зи регзорон.
Дунё зи куҷо нишот меёфт,
Дарё набудӣ агар дар исён?
Банде набувад, ки дорадаш роҳ,
Саҳро набувад, ки хущк монад.
То дар сари ӯ дурахши хуршед,
Маҷрош суруди бахт хонад.
Шарҳи худро нависед