Даст аз талаб надорам

Даст аз талаб надорам, то коми ман барояд,

Ё тан расад ба ҷонон ё ҷон зи тан барояд.

Бикшой турбатамро баъд аз вафоту бингар,

К-аз оташи дарунам дуд аз кафан барояд.

Бинмой рух, ки халқе вола шаванду ҳайрон,

Бикшой лаб, ки фарёд аз марду зан барояд.

Ҷон бар лаб асту хасрат дар дил, ки аз лабонаш,

Нагрифта ҳеҷ коме ҷон аз бадан барояд.

Аз ҳасрати даҳонаш омад ба танг ҷонам,

Худ коми тангдастон, кай з-он даҳан барояд?

Гӯянд зикри хайраш дар хайли ишқбозон,

Ҳар ҷо, ки номи Ҳофиз дар анҷуман барояд.

Эй сабо, накҳате аз кӯйи фалонӣ ба ман ор,

Зору бемори ғамам, роҳати ҷоне ба ман ор!

Қалби беҳосили моро бизан иксири мурод,

Яъне аз хоки дари дӯст нишоне ба ман ор!

Дар камингоҳи назар бо дили хешам ҷанг аст.

3-абрӯи ғамзаи ӯ тиру камоне ба ман ор!

Дар ғарибиву фироқу ғами дил пир шудам

Соғари май зи кафи тозаҷавоне ба ман ор!

Мункиронро ҳам аз ин май ду-се соғар бичашон,

В-агар эшон наситонанд, равони ба ман ор!

Соқиё, ишрати имрӯз ба фардо мафиган,

Ё зи девони қазо хатти амонй ба ман ор!

Дилам аз даст бишуд дӯш, ки Ҳофиз мегуфт:

К-эй сабо, накҳате аз кӯйи фалонй ба ман ор!

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед