Давлати мо зи бениёзӣ буд

Сари мо сарфи сарфарозӣ буд,
Дили мо раҳни дилнавозӣ буд.
Мо набигдохтем фӯлоде,
Қисмати мо ки дилгудозӣ буд.
Мо ба нозе ҷаҳон фурӯхтаем,
Давлати мо зи бениёзӣ буд.
Мо ки ҳақро ба май шинохтаем,
Ғайри май ҳар чӣ буд, маҷозӣ буд.
Ту давидӣ паи суханреза,
Ҳунари мо сухантарозӣ буд.
Пешаи ту замонасозиҳо,
Пешаи мо таронасозӣ буд.
Ғайри якрӯза ишқбозии дил
Ин ҷаҳони дурӯза бозӣ буд.
Бо ҳама розҳои ногуфта
Лоиқ аз умри хеш розӣ буд.
1993

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед