Давраи Пири

Эй Худо, умрам ба пирӣ мерасад хорам макун,

Ризқу рӯзиям бидеҳ пеши кассе зорам макун.

Навҷавонӣ рафт, омад давраи қоматхамӣ,

Пирӣ худ афгор бошад, ҳеҷ афгорам макун.

 

Дар ҷавонӣ давлати манн кам набуд аз дигарон,

Бо асои пириям дар кӯчаҳо зорам макун.

Хони манн пур буд зи нону неъмати рӯи замин,

Пеши дӯсту душманон акнун нодорам макун.

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед