Давронсоз
Ба авҷи осмон хуршеди тобонат муборак бод!
Ба зери хок сарсабзии ҳар донат муборак бод!
Ба мулки беҳтар аз Наврузгоҳ хуш бод Наврузат,
Ба боитони ҳиммат навбаҳоронат муборак бод!
Чу Сомонӣ наку дарёфтӣ сомони мулкатро,
Саропо кору пайкори басомонат муборак бод!
Чу азмат буд осон кардани душвори халқи хеш,
Дар ин роҳ, шуд ҳама душвор осонат, муборак бод!
Муборак нони бо заҳмат расида рӯи гулхонат
Ва ҷонӣ дӯстонат гирди гулхонат муборак бод!
Аз ин мулку макон рондӣ чу расми бастароҳиро,
Кушоди роҳу расми раҳкушоёнат муборак бод!
Муборак нури Норак дар дилу дар манзилат умре,
Ба мулки ормонат нури роҳатат муборак бод!
Чу паймонхоҳ, пур бодо туро паймонаи шодӣ,
Чу давронсоз ин созанда давронат муборак бод!
Суҷуде бар сари аз хоксорӣ ҷониби хокат,
Сари аз фаҳри дил бар авҷи кайҳонат муборак бод!
Шудӣ марди ҷаҳонӣ бо ҷаҳонӣ кору афкорат,
Ҷаҳонӣ сӯзҳо дар ҷисму дар ҷонат муборак бод!
Тилоӣ моҳии уммед бар дарёи дил додӣ,
Тилоӣ шасту руди пур зи туғёнат муборак бод!
Муборак бод тоҷат бар сари зебандаи тоҷат
Ва соҳибточ давлат — Тоҷикистонат муборак бод!