ДЕҲИ МО ҶОЙИ КОР АСТ
Деҳа надорад ором
Аз субҳ то дари шом.
Кори деҳа бисур аст,
Дасти ҳама бакор аст:
Яке сӯйи пуштаҳо
Рамара барад чаро;
Об яке мемонад,
Тут яке таконад;
Пухтаст донаи ҷав,
Яке машғул дарав;
Яки бар тори ғарам
Банди нав мекунад зам;
Яке хирма мекӯнад,
Яке хирман мекӯнад
Яке каҳ мекашонад,
Яке замин меронад;
Яке монад забаррав
Бар чӯби хонаи нав;
Яке ҷома медӯзад,
Яке сабақ омӯзад…
Коре деҳа бисёр аст,
Деҳи мо ҷойи кор аст.
Касе агар бекор аст,
Аз ӯ ҳама безор аст,
11 саҳифа 12 июль
Муаллиф: Убайд Раҷаб
Шарҳи худро нависед