Дев
Деви девонро ба афсуну азоим
Андаруни кӯзае ҷо карда буданд.
Деви девон — дев буд ҳам аз бурун, ҳам аз дарун,
Дев буд аз фарқи cap то нӯги нохун.
Лек дар банд,
Аз буруну аз дарун афшурда хурдаш карда буданд,
Он чунон хурдаш,
Ки яке буд зиндаву мурдаш.
Солҳо махлуқи бадҷинс,
Дар кузаи мис
Буғз мекард,
Бӯй мекард,
Ғилу ғаш мекард.
Рафта буд аз ёди мардум,
Рафта буд аз ёди гардун.
Мӯҳрии сахташ дар даҳон хаста,
Кӯзаи пушташ,
Бедаста.
Аммо ҳамин дирӯз
Аз куҷое тӯдаи девонае ҷастанд,
Девро девонаҳо ҷустанд.
Аз даруни хоку хошок,
Аз ҷои нопок;
Аз таги пасмондаҳои солҳои пеш,
Аз таги пасмондаи хеш,
Кӯзаро берун кашиданд.
Аз чаҳаннам мурдаро берун кашиданд,
Бо ҳаёҳуи фаровон,
Бо ҳантомаву ҳазён.
Девзоде чанд,
Девонае чандин,
Мӯҳри локи кӯзаро канданд,
Бо дасту дандон.
Дев чун дӯди сияҳ аз кӯза берун шуд,
Аз димоғи мо яке дӯди сиёҳи ғусса берун шуд.
Дев акнун дар сари девон нишаста,
Дев дар девон нишаста.
Кӯзае аз кӯзааш дар пушт,
Мезанад мушт,
Мехалад дар чашми мо ангушт,
Деви афташ аз бурун ғуррон,
Деви нафсаш аз дарун ғуррон.
Девбоде дар сараш туфон,
Девбоде дар сараш гардон.
Ку Алоудиин?
Фармонравои ҷин.
Ку азимхону афсунгар?
Ку Таҳмураси дигар?
1992
Ҳазрати Сулаймон ба обхона рафт. Дев хотам бирабуд ва чҳиил рӯз дар қиёфаи Сулаймон бор дод. Дев ҳукм кард берун аз “Таврот”. Ва банни Исроил ба талаби Сулаймон бархостанд.
Муаллиф: Бозор Собир