Дигарон бошанд инъоме зи даврон чашмдор
Ишқи навоғози моро ҳеҷ анҷоме мабод,
Қалби ноороми моро ҳеҷ ороме мабод.
Дигарон бошанд инъоме зи даврон чашмдор,
Баҳри ман ҷуз васли ту аз бахт инъоме мабод.
Дур аз ту бо ғамат наздиктар шуд ҷони ман,
Дар дили ман ҷуз ғами ширини ту коме мабод.
Ишқи ман ҳар тирамаҳ бо номи ту гул мекунад,
Дар замини хотирам ҷуз номи ту номе мабод.
Гар хазонрез асг. бо бӯи баҳорат зиндаам.
Дар гулистони дилам ҷуз ту гуландоме мабод.
Сафҳаи шеъри маро то ҳар нафас равшан кунй,
Субҳи рухсори туро эй кошкй. шоме мабод!
1983
Шарҳи худро нависед