ДИЁРИ ВАҲДАТ

Гулхандаи мо баҳори Ваҳдат бошад,
Лабхандаи мо нисори Ваҳдат бошад.
Моем, ки дӯстдору ҳаст пешаи мо,
Ин шева зи ифтихори Ваҳдат бошад.
Дардест агар ба ҷони мо танҳоӣ,
Хушбахт касе, ки ёри Ваҳдат бошад.
Бо ҳам будан чу ҳаст армони дилам,

Дилро ҳама дам хумори Ваҳдат бошад.
Гӯянд, ки асли будан аст ишқу вафо,
Оре, ишқ аст, ки нори Ваҳдат бошад.
Аҳсант ба оне, ки сари хоки Ватан,
Ҷону дили ӯ нисори Ваҳдат бошад.
Аз сидқу вафодории ин миллати ишқ,

Шашсӯйи Ватан диёри Ваҳдат бошад.
Моем, ки дӯст дошта дшмани хеш,
Чун меҳру вафо мадори Ваҳдат бошад.
Таърихи башар ба ёди худ бинвишта
Тоҷик худ аз табори Ваҳдат бошад!

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед