ДИЛ МЕБАРӢ

Афтод ба чашмам рӯи ту,
Ҳам қомати дилҷӯи ту.
Олам шуда хушбӯ ҳама.
Аз ҳалқаҳои мӯи ту.
Мемонд маҳи серӯзаро,
Дилбар ҳамон абрӯи ту.
Чашми ту дорад сеҳр ё,
Ки меравад дил сӯи ту?
Дорем умеду орзу,
Бошем даме паҳлӯи ту.
Аз он ду лаб резад шакар,
Гоҳе сухан мегӯи ту.
Дил мебари аз Сарфароз,
Хушҳол ғайр дар кӯи ту.

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед