ЭЙ ДИЛИ ПУРОРЗУ, ҒАМГИН МАШАВ

Эй дили пурорзу, ғамгин машав,
Мо ҳама дар чорсӯи зиндагӣ
Гоҳ гумроҳему гоҳо сарварем,
Кӯҳнааслу ранг меҷӯем нав,

Лек онро ҳам на бо худ мебарем.
Орзу чун ғӯраи сармозада
Норасида, мефитад аз шохсор.
Бачагӣ дур аст аз макру фиреб,

Ишқи аввал ҳаст доим бебарор, –
Эй дили пурорзу, ғамгин машав.
Дар сухан, дар дил ҳама дурангаем,
Бохудему бехудему мутлақем.

Як нигаҳ озод дорему тамом,
Тобеи озодием, беравнақем.
Эй дили пурорзу, ғамгин машав.
Гул кунад ҳам, бор н-орад мисли бед

Хоҳиши марди ҳақиқатҷӯ мудом.
Чун тарона ҳам бузургу сода аст
Заҳрханди ӯ ба ҳар «дасти тамом».

Эй дили пурорзу, ғамгин машав.
Дар дили бедил як олам дил бувад,

Гарчи бошад хонаи ӯ бепалос.
Ҳар кӣ ҳам бошем, мо мардум ҳама
Ҳокими яклаҳзагиему халос.
Эй дили пурорзу, ғамгин машав.

7.12.1964

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед