ДИЛАМ ГУМ МЕЗАНАД

Мерасӣ бар ёди ман ҳар гаҳ, дилам гум мезанад
В-ар зи ёдам меравӣ ногаҳ, дилам гум мезанад.
Ман ба ҷойи ҷони худ ҷони туро мепарварам,
Чун зи ҷонам мешавам огаҳ, дилам гум мезанад.

Шаб ба хобам медароӣ баҳри таскини дилам,
Бо муҳаббат менавозӣ ттифли ғамгини дилам.
Чун сарат набвад саҳаргаҳ рӯйи болини дилам,
Дар хаёли он шаби кӯтаҳ дилам гумм мезанад.

Ошиқон дастобагардан мераванду бар ба бар,
Бӯса мегиранд шодон аз лабони ҳамдигар.
Кош, сад соли дигар бошанд ҷуфти ҳамсафар,
Дар вафои ҳамдилу ҳамраҳ дилам гум мезанад.

Ман муроди хеш меҷӯям шабон аз моҳи нав,
Кӯҳна мегардад маҳу ман мекашам боз оҳи нав.
Сӯйи даргоҳи ту сад раҳ мекашам пайроҳи нав,
Боз назди он дару даргаҳ дилам гум мезанад.

Моҳтоб аз шӯъла гирди хеш хиргаҳ мезанад,
Дар дили ман дарди дуриҳои ту таҳ мезанад,
Моҳи рахшонат диламро ҳар шаб аз раҳ мезанад,
Шаб ба ёди моҳи бехиргаҳ дилам гум мезанад.

Мерасӣ бар ёди ман ҳар гаҳ, дилам гум мезанад
В-ар зи ёдам меравӣ ногаҳ, дилам гум мезанад.
Ман ба ҷойи ҷони худ ҷони туро мепарварам,
Чун зи ҷонам мешавам огаҳ, дилам гумм мезанад.

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед