Дилам самбуса мехохад
Дилам самбуса мехохад ва хам як бӯса мехоҳад.
Дилам як бӯсаи ширинлаби бе ғусса мехоҳад
Зи як самбӯса рухсореву ҳам ҷуса мехоҳад.
Дили ман буса мехоҳад ва ҳам самбуса мехоҳад.
Дилам дар иштиҳои бусаҳои гарму ширин аст.
Дили ман ёшнои ёри бепарвои бекин аст.
Дилам лабташнаи самбусаи гарми танурин аст.
Дили ман буса мехоҳад ва ҳам самбуса мехоҳад.
Туро бо бусаву самбусаат яклухт мехурдам.
Ва ҳар ҷое дилат мехост мегуфтӣ мебурдам.
Ҳазорон бусаву самбусаҳо хурдем нашурдам.
Дили ман буса мехоҳад ва ҳам самбуса мехоҳад.
Шарҳи худро нависед