Дилат дар зиндагонӣ комрон бод

Гурӯҳе аз барои нуқраву зар,
Гурӯҳе аз барои шавкату фар
Заминро он қадар тақсим карданд,
Ки охир зери он хуфтанд яксар.
Замину осмони ман — дили ман,
Баҳори ман, хазони ман — дили ман.
Туро ҳам донаму ҳам менадонам,
Аёну ноаёни ман — дили ман.
Тамоми бешаҳо месӯзад имшаб,
Ситора дар само месӯзад имшаб.
Ситора дар само сӯзад, бисӯзад,
Дилам баҳри шумо месӯзад имшаб.
Зиёда кишвари мо кӯҳсор аст,
Зи тоҷи қуллаҳояш точдор аст.
Агар баҳре надорад кишвари мо^
Дили мо баҳрҳои беканор аст.
Саводи шоирй мактаб надорад,
Қалам парвои рӯзу шаб надорад.
Бувад шоир фидоии замона,
Ҷаҳони шоирй мансаб надорад.
Бидонад дарди ҳар як дилшикаста,
Бидонад ранҷи теша, ранҷи даста.
Бувад хунёгари мумтоз шоир,
Ки донад нағмаи тори гусаста.
Набошӣ як нафас осуда, эй дил,
Нахоҳӣ як дами беҳуда, эй дил.
Ҳар он роҳе, ки нопаймудаам ман,
Ту онро сар ба сар паймуда, эй дил.
Агар бишкаст оҳан ё ки фӯлод,
Нагӯям эй дареғ, эй вой, эй дод!
Валекин аз хиёнатҳои ёрон
Диле чун бишканад, фарёду фарёд!
Баҳори гулфишон омад, гули ман,
Ба ҷӯ оби равон омад, гули ман.
Дили ман ҳам чу мурғони фирорӣ
Зи нав бар ошён омад, гули ман.
Чи хуш мегуфт борон дар биёбон:
Шитобон омадам, рафтам шитобон.
Зи шаб то субҳдам хондам тарона,
Вале нашнид гӯши сахтхобон.
Гули ҳасрат паёми навбаҳор аст,
Валекин қисматаш носозгор аст.
Паёми фасли гул дар лаб бимирад,
Чи ҳасратҳо, ки дар ин рӯзгор аст.
Баҳорон гул ба домон омаду рафт,
Ба кӯи мо чу меҳмон омаду рафт.
Тиҳӣ шуд доманаш аз сабзаву гул,
Ба мисли мо пурармон омаду рафт.
Ҷаҳон равшан, ҷаҳон торик бошад,
Дар ӯ гаҳ зишт, гоҳе нек бошад.
Раҳи дуре набошад ҳеҷ мушкил,
Чу бо ту дӯсте наздик бошад.
Сари сабзат ҳамеша дар амон бод,
Дилат дар зиндагонӣ комрон бод.
Насиби ту ҳама шодии дунё,
Ғами олам насиби душманон бод.

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед