Дилбар

Ало, эй дилбари дар бехудӣ гумкардаам, боз о!
Ало, эй ҳамдили дар орзу парвардаам, боз о!
Мисоли сурати бахти ман аз пеши дарам бигзар,
Чу рӯъёеву хобеву хаёле аз сарам бигзар.
Даме дар чашми ман бингар, ки дар он
ҷои ту холист,
Нигоҳаш кунду бешавқе чу мурғи
бепару болест.
Туро чашми ман аз дунёи равшан
он қадар меҷуст,
Ки гар меёфт, гум мекарду
сад бори дигар меҷуст.
Туро дар мастиҳои бетараб
гум карда будам ман,
Туро бемуддаою бесабаб гум карда будам ман,
Чи осон менамуд он вақт ишқу дил рабуданҳо,
Барои ҳар кӣ пеш ояд, дари дилро кушуданҳо…
Чи осон менамуд он вақт дилбозӣ барои ман,
Чи осон менамуд, оваҳ, дурӯғи ошиқӣ гуфтан…
Ман акнун з-он ҳама ҳарфе, ки гуфтам,
шарм медорам,
Аз он шабҳо, ки бе ёди ту хуфтам,
шарм медорам.
Туро имрӯз агар медидам, эй маҳбуби беҳамто,
Ба чашми дигаре медидаму як бор дар дунё
Ба номи ту ҷаҳони ошиқиро ном мемондам,
Ҳазор оғози ишқи дигар аз анҷом мемондам.
Зи қайди бехудию бесарию мастӣ мерастам,
Чу дилнома ба ҳар як тори мӯят
шеър мебастам…
Ало, эй ҳамдили дар орзу парвардаам, боз о!
Ало, эй дилбари дар бехудӣ гумкардаам, боз о!
1972

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед