
ДИЛЕ НЕ…
Табибам гуфт, ки дилро нигаҳ дор,
Аз ин пас бори вазнине набардор!
Табибо, гуфтамаш, меранҷам аз ту,
Агар ин ҳарфро гӯӣ батакрор.
Ба бори зиндагонӣ гар дили ман
Надорад тоб, ӯро дил мапиндор.
Диле не, андарӯни сина санг аст,
Диле, ки бо замонаш нест ҳамкор.
Шарҳи худро нависед