Дили мо ба даври рӯят зи чаман фароғ дорад

Дили мо ба даври рӯят зи чаман фароғ дорад,

Ки чу сарв пойбанд асту чу лола доғ дорад.

Сари мо фурӯ наёяд ба камони абрӯи кас,

Ки дару ни гӯшагирон зи чаман фароғ дорад.

Зи бунафша тоб дорам, ки зи зулфи ӯ занад дам,

Ту сиёҳи камбаҳо бин, ки чӣ дар димоғ дорад!

Ба чаман хирому бингар бари тахти гул, ки лола,

Ба надими шоҳ монад, ки ба каф аёғ дорад.

Шаби зулмату биёбон, ба куҷо тавон расидан?

Магар он, ки шамъи рӯят ба рахам чароғ дорад.

Ману шамъи субҳгохӣ, сазад, ар ба ҳам бигирйем,

Ки бисӯхтему аз мо бути мо фароғ дорад.

Сазадам чу абри баҳман, ки бар ин чаман бигирям,

Тарабошёни булбул бинигар, ки зоғ дорад.

Сари дарси ишқ дорад дили дардманди Ҳофиз,

Ки на хотири тамошо, на ҳавои боғ дорад.

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед