ДИЛСӮЗӢ

Дилам месӯзад
ба қолибофе,
ки қолӣ мебофад,
аммо қолӣ надорад.
Дилам месӯзад
ба атласбофе,
ки атлас мебофад
аммо
як куртавор
атласро
аз сияҳбозор
мехарад гарон.
Дилам месӯзад
ба қаҳрамоне –
бознишастае,
лоғару хастае,
ки сари синаҳош
пур аз медол аст,
аммо синааш
пур аз захми ҷанг,
пур аз малол аст.
Дилам месӯзад
ба пунбакоре,
ба пунбачине,
ки соли дароз
ҷон меканад
миёни ҷӯяҳо
тор метанад,
аммо,
мааттаассуф,
пироҳани пунбаиро
намеёбад.
Мепӯшад синтетик
дар гармои тамуз.
Дилам месӯзад
ба қаҳрамонмодаре,
ки фарзандонаш
авбошанд,
қаллошанд,
айёшанд.
Таҳти фурӯғи ситораи модар
ҳама беситораанд
ё ситорасӯхтаанд.
Куллиёти ашъор 191
Дилам месӯзад
ба модаре,
ки фарзандонаш
забонашро
намефаҳманд,
намедонанд,
аз ёд бурдаанд,
аммо ӯ
бечора
наметавонад
синаашро
аз бун
бибуррад,
ки чаро
ғофил аз ин савдо
шир дод ба онҳо…
Дилам месӯзад
ба падаре,
ки фарзандонаш
дар имон,
ихлос,
эътиқод,
одамгарӣ,
мардонагӣ,
футувват
ба рағми падар,
армонҳои падар –
бепадаранд.
Дилам намесӯзад
ба савдогаре,
бозоргарде,
ҷаллобе,
қаллобе,
ҳанноте,
шикамборае,
қалтабоне,
ғалақадоре,
шохдоре,
ки пул дорад,
аммо сарбаланд,
бо виқор,
бо ифтихор
сарфи онро
намеёрад.
Дилам месӯзад
ба ҷавонмарде,
ки мехоҳад
нисор кунад
ҳар чизе дорад,
аммо дар бисот
пашизе надорад.
Аммо
беш аз ҳар кас,
чун ман ҳам
қаламкашам,
дар ҳунар аламкашам,
дилам месӯзад
ба шоире,
ки шеъраш ноёб аст,
китобаш ноёб аст,
аммо шахси ӯ
нокомёб аст.
Дилам месӯзад
ба ҳунарманде,
ки дар саҳна
бунёдгузори давлат –
давлати Шӯрост,
аммо пушти саҳна
бесарпаноҳ аст –
хона надорад.
Бахудо,
дилам месӯзад,
дилам месӯзад…
16.12.198

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед