Донӣ, ки чист давлат?

Донӣ, ки чист давлат? Дидори ёр дидан,

Дар кӯйи ӯ гадоӣ бар хусравӣ гузидан.

Аз ҷон тамаъ буридан осон бувад, валекин

Аз дӯстони чонӣ мушкил тавон буридан.

Хоҳам шудан ба бӯстон, чун ғунча бо дили танг

В-он ҷо ба некномӣ пироҳане даридан,

Гаҳ чун насим бо гул рози нуҳуфта гуфтан,

Гаҳ сири ишқбозӣ, аз булбулон шунидан,

Бӯсидани лаби ёр аввал зи даст магзор,

К-охир малул гардӣ, аз дасту лаб газидан.

Фурсат шумор сӯҳбат, к-аз ин дуроҳа манзил

Чун бигзарем, дигар натвон ба ҳам расидан.

Гӯйӣ бирафт Хофиз аз ёди шоҳ Яхё,

Ё Раб, ба ёдаш овар дарвеш парваридан!

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед