ДОРЕМ БА ПИРОН ЭҲТИРОМ
Дорем ба пирон эҳтиром,
Аз рӯи меҳр гӯем салом.
Онон бигӯянд дар ҷавоб.
Ваъалайкумус- салом.
Моро насиҳат мекунанд,
Хоҳ субҳ бошад, ё ки шом.
Онҳо ба мо як мактабанд,
Бошанд саломат бардавом.
Пирон, ки пиранд дар рукуъ,
Ҳастанд ҷавонон дар қиём.
Дастори сабз, риши сафед,
Тасбеҳ дар даст ҳар кадом.
Ҳар дам биёяд бӯи мушк,
Аз ҷомаҳошон бар машон.
Алқисса рӯзи ҷумъаро,
Гӯянд: сайид-ул-айём.
Панде диҳанд гар гӯш кун,
Хоҳӣ, ки гарди некном.
Дар сӯҳбати пирон биё,
Ту пухта гардӣ, боши хом.
Шарҳи худро нависед