Ду чашми роздони ту

Ду чашми роздони ту, маро ҳамроз мехонад,
Сано гӯям чашмонат, маро дамсоз мехонад.
Ба дил мавсими гул овардию боре бигуфтиям:
“Туро гулҳои мастонам, ба худ носоз мехонад”.
Азизи ҷодаи бахтам, чӣ мекобӣ ту аз банда?
Магар дасти пурэъҷозат, маро оҷиз мехонад?
Бароят бахт меорам, агарчи оҷизи бахтам,
В-арна ҳофизи бахтат, маро ҳамсоз мехонад?!
Сипосу ҳамд мехонам, ба лутфу бахти некӯ,
Ки умри рафтаамро, зи нав оғоз мехонад.
Ман аз баҳри ту ҳамрозам, ғазал мехонам имрӯз,
Ки дар мақтаъ ғазалҳоят, маро Шаҳбоз мехонад

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед