ДУ НАФАР ДАР ЛАБИ ДАРЁ
Ду нафар ташна лаби дарё буд,
Ду нафар дар талаби дарё буд.
Ду нафар дошт ҳавову ҳаваси дарёе,
Ки шавад дар бари он дунёе.
Буд чашмони само
Ғарқ чун шӯъла дар оби дарё.
Аз дили тозаи он менигарист
Бо шигифтӣ ба шитоби дарё.
Зери дарёи самову бари дарёи замин
Ду нафар дошт ба дил хоҳиши дарёи дигар,
К-авалу охири он бошад ишқ
Аз уфуқ то ба уфуқҳои дигар.
Дар саропойи раҳи худ дилро
Бикунад тозаву лабрез аз ишқ.
Мавҷи хунёгари он шаб хонад
Хуштар аз мурғи шабовез аз ишқ.
Ҳаргиз ин рӯд нахушкад ба биёбони дароз,
Бирасад бар дарё.
Боз ояд сари сарчашмаи хеш
Дар пари абри пареш.
Ду нафар ташна лаби дарё буд,
Ду нафар дар талаби дарё буд.
Мавҷи ошуфтадили он мегуфт:
Ҳар кӣ дилро ба дили дарё зад,
Дарё шуд.
Шарҳи худро нависед