ДУ НАФАР САРБОЗ
Ними шаб,
Ҳарорат поёнтар аз бист…
Зимистони қаҳратун,
Майдони сурх.
Намебинӣ касеро,
Майдон холист.
Танҳо ду нафар
Сарбози ҷавон
Назди мақбара истодаанд,
Бедор –
Чун чашми ҷаҳон…
Боди тунде мевазад
Бо доду бо фарёд,
Ларзондаву шикаста
Дар роҳи худ дарахтонро.
Аммо ду сарбоз
Чун дуҳайкал истодаанд
Сарафроз, –
Тан надода зимистонро!
Ҷаҳонро азизанду мукаррам,
Ба сӯяшон назораи дунёст.
Онҳо ленинро нигаҳбонанд,
Ленин нигаҳбони онҳост!
Шарҳи худро нависед