ДУХТАРИ ТОҶИК

Кокулони маҳини тарбофаш
Ба сари китфҳош мерезад.
Файзи ҳусну малоҳати азалӣ
Гӯӣ аз сар ба пош мерезад.
Тоқии симдӯзияш монад
Осмони ситораафшонро.
Ханд-хандон зи кӯчаҳо гузарад,
Бинӣ бо чашм бахти хандонро.
Ман варо дар шитоб мебинам
Сӯи донишгаҳу дабистонҳо.
Ман варо дар шитоб мебинам
Ҷониби пахтазору бустонҳо.
Ман варо дар шитоб мебинам,
Гар нишастаст дар тролейбус,
Бо чи ҳирсе китоб мехонад,
То расад бар муроди дил имрӯз.
Хоксор асту шармнашкаста,
Рӯйҳо лолагун зи оташи дил.
Нигаҳаш лек огаҳӣ бидиҳад
Аз табутоби дил, зи сӯзиши дил…
Менамояд агарчи ботамкин,
Шармгину фақиру бепардоз,
Ман варо дар шитоб мебинам,
Гӯӣ ҳозир ҳамекунад парвоз,
Гӯӣ ҳозир ҳамекунад парвоз
Ҷониби мулкҳои нодида,
Ҷониби қутбҳои ишқу умед,
Ҷониби розҳои нашнида.
Гӯӣ ҳозир ҳамекунад парвоз
Бол бикшода дар инони фазо,
Аз замину замон ҳамеҷӯяд
Қадри худро, мақоми қоимро.
Гӯӣ ҳозир ҳамекунад парвоз
То расад бар муроду мақсудаш.
Бахти худ ёбаду бияфшорад
Ба сари синаи таболудаш…
Нашитобад агар, гурезад бахт…
Чун паи бахти хеш наштобад?
Мепарад,
Мешитобад ӯ шабу рӯз,
Бахт мекобад,
Бахт меёбад…
5.12.1973

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед