ДУМБУРА
Реза-реза медавад асп,
Аз ҳаво намреза мерезад ба рӯю чашмҳояш.
Мешавад ҳар тори ёлаш шаддаи зебои марҷон.
Рӯи зин биншаста як зебоҷавон,
Ҷомаи домодӣ бар тан, розӣ аз дунё нигоҳаш,
Мебарад аз деҳа бо худ як арӯси меҳрубон.
Аз даруни хонаҳои лойдевори дара
Мерасад бар гӯш савти думбура.
Менамояд сайр рӯи қабрҳо,
Бар мазористони беному нишони рафтагон
Ҳамчу рӯҳи пок, ҳамчун достони ёдгорӣ,
Дар шаби торику беҷон
Як садои гарму нарми иштиёқеву хуморе,
Гӯӣ меҷӯяд зи ҳар як рафтае ному нишон.
Ҳаст ҳамчун косаи сар пурсадо, пурғулғула
Косаи эъҷозкори думбура.
Пир мегардад сабукболу сабукрӯҳ,
Зинда мегардад ба чашмаш рӯзҳои рафтааш,
Корҳои кардаю нокардааш,
Розҳои гуфтаю ногуфтааш.
Донаи тасбеҳи дасташро на бар зикри худо,
Балки чун як рӯзи рафта мекунад эҳсос
___________________байни панҷаҳо.
Чои талху нони гарму сояи ғафсу сара…
Мерасад бар гӯш савти думбура.
Модаре дар рӯзи гарми офтобӣ
Мебарорад бар сари торе ҷиҳози духтарашро.
Дар миёни парчаҳои шоҳвору кимхо
Мезанад чашмаш ба нақшу зарҷиҳакҳои
_______________________фаранҷӣ,
Мешавад пайдо ба чашмаш саҳнаҳои
____________________пуршиканҷе.
Мекашад оҳи гароне,
Баъд мегӯяд дуое бо алам:
«Ман надидам, кош бинад духтарам…»
Аз миёни панҷаҳои пиру барно яксара
Мерасад бар гӯш савти думбура.
Қиссаҳои куҳна мемиранд бепай,
Кафтарон дар шохсорон бӯса месозанд
_________________нӯли якдигарро.
Ошиқон оғӯш мегиранд,
Мебанданд аҳди пойдории вафо,
Бо табу тобе ба рӯи синаи ҳам монда сарро.
Косаи оби никоҳӣ мефитад аз дасти мулло.
Аз буни ҳар санг, аз ҳар як гиёҳи гулдара
Мерасад бар гӯш савти думбура.
11.4.1966
Муаллиф: Лоиқ Шералӣ