Дунё

Бо худи худ ҳам қарибам, ҳам рақиб.
Худфиребам, худфиребам, худфиреб!
То зи худ бегона, бо бегона хеш.
Пурниҳебам. пурниҳебам, пурниҳеб!
То фарози осмон гар рафтаам,
Сарнншебам, сарнишебам, сарнишеб!
Ҷо надорам дар ҷаҳони бекарон,
Ман гарибам, ман гарибам, ман ғариб!
Ганҷи дунё хурданам буд орзу,
Бенасибам. бенасибам, бенасиб!
Аз шикебой надидам суду боз
Ношикебам, ношикебам, ношикеб.
Бо днлам кай худҳисобй кардаам?!
Беҳисебам, беҳисебам, беҳисеб…

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед