Дунё

Дунёи бекарона зебост бо тарона,
Бо шеъри ошиқона, бо ишқи шоирона.
Дунёст гар ягона, бо ақли оқибатбин
Посаш надорӣ, ёбӣ дунёи посгона.
Дар хок бӯи гӯру дар об таъми марг аст,
Гӯёст мурдахона дунёи обу дона.
Маҷрӯҳ рӯҳи инсон аз заҳрбори кайҳон,
Пурбим ҷони инсон дар зери осмона.
Пирони ақл гӯӣ мерос мегуюранд
Имрӯзи беҷавонӣ, фардои беҷавона.
Эй одами силаҳшӯр. дунё зи мурда шуд пур,
Ақли ту медарояд бе ҷангу бонг ё на?
Як сӯй таркиши гил, як сӯй таркиши дил,
Бофад яке фасона, ҷӯяд дигар баҳона.
Мугриб, бизан навое зарсам, ки аз хатое
То охири тарона охир шавад замона…
1987

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед