Дунёи нав
Зи дунё ҳар кӣ шуд лабрез, умраш бебақо гардад,
Чу киштӣ пур шавад аз об, гирдоби фано гардад.
Навиди васл фориғ мекунад аз нола ошиқро,
Ҷарасро чун гиреҳ бикшояд аз дил, бесадо гардад.
Набошад хоби осоиш ба гулшан чашми шабнамро,
Набинад рӯйи роҳат ҳар кӣ аз манзил ҷудо гардад.
Ба бӯстон аз шаҷарҳо ток дорад сарфарозиро,
Баландиқболии даврон насиби дасти во гардад.
Ба кӯҳ аз Каҳкашон ҳар рӯз ин овоз меояд:
Зи даврон лаъл бинад зардрӯй, каҳрабо гардад.
Агар чини ҷабин аз пеши рӯ чун ғунча баргирӣ,
Зи акси чеҳраат оина боғи дилкушо гардад.
Ба тақво даст деҳ аз нафси золим то шавӣ эмин,
Зи саг озорҳо бинад гадо, чун беасо гардад.
Нахоҳам рехт аз каф донаи занҷири савдоро,
Зи санги кӯдакон гар бар сари ман осиё гардад.
Ба шабнам, Сайидо, Хуршеду гул ҳар субҳ мегӯянд:
Замину осмон фарши раҳи бедаступо гардад.