Дуои модар

Хати марзи Тоҷикистон лаби ҷонамизи модар
Бағали Ватан баробар ба канори бози модар.

Шафақи шукуфтасубҳаш лаби хандареҳи тифлон
Ва тулӯи офтобаш ғ рухи дилнавози модар.

Бишавад бувад радифе куҳи Помир аз баландӣ
Наравад ба кас аз ин пас ғами ҷонгудози модар.

Набувад писанд ӯро ҳама милку моли дунё,
Чу шараф зи модарияст ҳама ҷиҳози модар.

Ба ниёише нишаста сари ҷонамози меҳан,
Талаби салоҳ бошад сураи дарози модар.

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед