Дуои модар

Хати марзи Тоҷикистон лаби ҷонамози модар,
Бағали Ватан баробар ба канори бози модар.
Шафаки шукуфтасубҳаш даби хандарези тифлон
Ва тулӯи офтобаш — рухи дилнавози модар.
Натавон бувад радифе куҳи Помир аз баландӣ
Ба қади хамидаеву сари барфарози модар.
Бишавад чу ҷанг гумном, дигар ба марги фарзанд
Наравад ба кас аз ин пас ғами ҷонгудози модар.
Набувад писанд ӯро ҳама милку моли дунё,
Чу шараф зи модарияст ҳама ҷиҳози модар.
Ҳама рози ҷумла олам ба рисолае бигунҷад,
Натавон ба сад баёзе бинавипгг рози модар.
Ба ниёише нишаста сари ҷонамози меҳан,
Талаби салоҳ бошад сураи дарози модар.

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед