ДУОИ НЕК
Ҷонона, дилам ба ту вафо карда,
Лекин дили ту ба манн ҷафо карда.
Бар мо раҳи ишқро нишон дода,
Дар нимаи раҳ вале раҳо карда.
Аввал сухан аз висол фармуда,
З-он пас ба фиреб мубтало карда.
Пӯшида ба тан қабои рангоранг,
Ишқи ту ба манн ҷиҳо, чиҳо карда.
Дасте, ки ба меҳр сӯи мо кардӣ,
Акнун зи чӣ рӯй бар ҳаво карда?
Ошиқ ҳама рӯз роҳпою зор,
Маъшуқ, бибин, чунин хато карда.
Бошӣ ту саломат, эй азизи дил,
Мирзои Ғафури ин дуо карда!
Шарҳи худро нависед