ДУРРУ ГУҲАР БА САРИ ОЛАМ НИСОР

Вақти сабӯҳ ҳаст, биёр, эй нигор,
Ҷоми май, он дофеъи ранҷи хумор.
Рӯйи тараб кай бувад аз мо ниҳон,
Гашта чунин ҷеҳрайи субҳ ошкор.
Фаӯт зи май ҷӯй, ки султони Рум
Ёфт зафар бар сипаҳи зангбор.
З-он майи гулгун, барад рӯзи базм
Сурати ӯ дар дили андӯҳхор.
Хеҷ шиносӣ ту, ки девонаст кист, —
Он, ки дар ин фасл бувад хушёр.
Боғ шуда ҷаннати анбарнасим,
Кӯҳ шуда тахти зумуррандигон.
Боди баҳорӣ зи сиришки саҳоб,
Шуст зи рухсорайи бӯстон ғубор.
Булбули хушгӯй зи атрофи боғ
Гуфта басе таҳният навбаҳор.
Мекунад аз рӯйи ҳаво чашми абр
Дурру гуҳар бар сари олам нисор.

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед