Дуруд

Эй ҳамватанон, ҷони ману ҷони шумо,
Дасти талаби ман асту домони шумо.
Наврӯзи нигоҳатон баҳорам орад,
Рӯяд гули меҳр аз шабистони шумо.
То омадани баҳори гулпираҳанам,
Оташ бикунад гул ба зимистони шумо
Шодам чу гули кашидадӯзи баҳор,
Парвандаи нозам лаби домони шумо

Рӯзе ба тавофи Каъбаи дил бирасам,
Дар рӯшании чароғи армони шумо
Чашмам чу саводи нағз дидан дорад,
Ҳамвора манам ошиқу пазмони шумо,
Хонам ба намози бомдодони мурод.
Оёти муҳаббати фаровони шумо.
Аз олами боло зи Худо зора кунам,
Ҳаргиз нарасад газанд ба ҷони Шумо,
Шаҳрия вале зи кӯҳсоронам ман.
Як пораи лаълам аз Бадахшони Шумо

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед