ДУШАНБЕ

Аз Душанбе кӯҳан имрӯз фақат афсона монд,
Чанд чинори сӯхта ҷое, ҳам ду –се дар хона монд.
Аз гузашти шаҳр пурсидам зи пири гӯзгор,
Саргузаште ёдгор бо ман аз он фарзона монд.
Хонаҳои урфӣ акнун дар қатори хона нест,
Ку чароғи хирасӯз, кай даври он парвона монд?
То душанбе шаҳр гардад шаҳри зебову калон,
Аз паи ободияш мардум қадам мардона монд.
Қад кашида ҳаркуҷо бин, қасрҳои мӯҳташам,
Дар Душанбе кас надида гӯшае вайрона монд.
Шаҳри ман, шаҳри Душанбе, дар миёни шаҳрҳо,
Чун арӯси нозанин, дар зиннати идона монд.

 

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед