ДУШАНБЕИ ДИРУЗА – СТАЛИНОБОДИ ИМРУЗА

Ин шаҳри азими мо ки навобод аст,
Аз қувваи ранҷу панҷаи фулод аст.
Ин ҷой ҳамон Душанбеи кӯҳна бувад,
Имрӯз бубин ки Сталинобод аст.

Ин шаҳр дар айёми амирони бухор,
Мебуд фасотҳонаи мири Ҳисор.
Аз роҳбарии партияи болшевикон,
Гардид зи илми Ленин пуранвор.

Ин шаҳри бузург, буд пеш аз даҳ сол,
Як саҳнаи вайрони пур аз гургу шағол.
Аз панҷаи пуробилаи коргарон,
Имрӯз шудаст манбаи истеҳсол.

Ин шаҳр ба асри подшоҳии амир,
Буд маҳбаси деҳкону муздуру фақир.
Ҳар руз ба обхонаи чалподон,
Мемурд зи шатта чанд муздури асир.

Ин шаҳр, ки ҳаст ҳоло обод,
Буд ҷои ҷафову ҷавру зулму бедод.
Ҳар рӯз ба дасти ҳокиму мири ғазаб,
Чандин зи фақири бегунаҳ ҷон медод.

Ин манзилу маъвои амалдорон буд,
Бошишгоҳи золимони ҳунхор буд.
З-онҳо ҳама ранҷбар шуда истисмор,
Аз камбағалӣ дидаашон гирён буд.

Ин ҷои накӯву сарзамини зебо,
В-ин сарвату кону кӯҳу дашту дарё.
Дар аҳди амирӣ нашудандаш таслим,
Гаштанд мутеъи партияву Шӯро.

Ин хоки пур аз маъдану кони тилло,
В-ин мазраи серҳосилу рӯҳафзо.
Дар даври хукумати шаҳу шаҳнаву бой,
Як умр надид ёрие ғайри ҷафо.

Ин мулк ба ҷангоми амири чаллод,
Буде ҳама дам нишемани истибдод.
Аз сояи Инқилоби Октябри Кабир,
Гардид зи дасти муфтхурон озод.

Дар Даври ҳукумати шаҳй, ҷумла занон,
Буданд ба зери ранҷу андӯҳ ниҳон.
Ҳар духтари мазлума ба пул буд гарав,
Савдо шуда чун матоъу молу ҳайвон.

Буданд ҳамеша духтарони тоҷик,
Аз донишу илм дуру дар ғам наздик.
Як умр ба ғусса зиндагӣ мекарданд,
Дар таҳти асорату ҳаёти торик.

Аз давлати шӯравй ҳама шод шуданд,
Соҳиб ба ҳудуди хешу озод шуданд.
Дар мактабу курсҳои нав мехонданд,
Моҳир ба ҷамеи кору устод шуданд.

Дар соҳаи кишту кору илму ирфон,
Дар колхозу савхозу ба кори майдон.
Дар хоҷагии саноати шаҳру деҳот,
Ҳастанд занон қувваи бисёр калон.

Имрӯз занони мулки мо ид кунанд,
Фаъолияти лоиқи тамҷит кунанд.
Дар хориҷа гар зан талабад озодӣ,
Уро бизананду ҳабсу табъид кунанд.



Шарҳи худро нависед