ЭҲТИРОЗ АЗ ДУШМАНОН
Аз ду кас парҳез кун, эй ҳушёр,
То набинӣ накбате аз рӯзгор.
Аввал аз душман, ки ӯ истезарӯст,
В-он гаҳе аз сӯҳбати нодони дӯст.
Хешро аз назди душман дур дор,
Ёри нодонро зи худ маҳҷур дор.
Эй писар кам гӯй, бо мардум дурушт,
В-ар бигӯй, аз ту гардонанд пушт.
Беҳтарин хислат агар донӣ кирост,
Он ки дод инсофу инсофаш нахост.
Чун ҳадиси хуб гӯй бо фақир,
Беҳ бувад з-онаш ки пӯшонӣ ҳарир.
Хашм хурдан пешаи ҳар сарвар аст,
Талх бошад в-аз шакар ширинтар аст.
Ҳар кӣ бо мардум насозад дар ҷаҳон,
Зиндагонӣ талх дорад, бегумон.
Он кӣ шӯх асту надорад шарм низ,
Дон, кӣ ӯ нопокзодаст, алазиз.
Аз маломат то бимонӣ дар амон,
Бош доим ҳамнишини зиракон.
Муаллиф: Чаҳор Китоб (Чоркитоб 4)
Шарҳи худро нависед