ДӮСТ МЕДОРАМАТ

Дӯст медорамат, Днепри азиз, –
Рӯди зебову хушнамуди Ватан.
Ҳаст дар ёди ман, ки як вақте
Бо Воронко – рафиқу ҷӯраи ман
Ҷониби коргаҳ, ки мерафтем
Қад-қади рӯди Вахши дилоро, –
Ёд кардем мо ткро ҳар бор,
Чун писар модари азизашро…
Мана, ҳоло, ки ҳарду мегардем
Дар канори васеату обод,
Вахш, он хоҳари азизатро
Менамоем бо муҳаббат ёд.

Дӯст медорамат, Днепри азиз,
Рӯди зебои Украинаи мо,
Ҷойгир аст дар дили халқам
Ишқи ту чун суруди Шевченко,

Рӯди озод!
Дар канори ту
Бо шаҳидон, – шараф ба онҳо бод! –
Абадӣ хоб кардаст имрӯз

Рисари халқи тоҷики озод, –
Он, ки ҷон доду зиндатар гардид,
Номи ӯ зинда, то ҷаҳон боқист,
Чунки расми бародариро ӯ
Аз ҳаӯташ баландтар донист.

Сабаб ин аст, ки ба тоҷикон
Боз ҳам бештар шудӣ наздик,
Дар канори ту хурраму озод
Меравад роҳ шоири тоҷик.

Мавҷ зан!
Рӯди хушнамуди Ватан!
Бохтам дил ба мавҷҳоят ман.
Аз тамошои мавҷҳои ту,
Ба хаёлам, намешавад кас сер.
Дилрабо, фораму тавоноянд
Чун суруди диёри ман – Помир.

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед