Дӯст
Мархабо, эй пайки муштоқон, бидеҳ пайғоми дӯст,
То кунам ҷон аз сари рағбат фидои номи дӯст.
Волаву шайдост доим ҳамчу булбул дар кафас,
Тӯтии табъам зи ишқи шаккару бодоми дӯст.
Зулфи ӯ дом асту холаш донаи он дому ман,
Бар умеди донае афтодаам дар доми дӯст.
Сар зи мастӣ барнагирад то ба субҳи рӯзи ҳашр,
Ҳар кӣ чун ман дар азал як ҷуръа хӯрд аз ҷоми дӯст.
Бас нагӯям шаммае аз шарҳи шавқи худ аз он-к,
Дарди сар бошад намудан беш аз ин иброми дӯст.
Гар диҳад дастам, кашам дар дида ҳамчун тӯтиё,
Хоки роҳе, к-он мушарраф гардад аз иқдоми дӯст.
Майли ман сӯйи висолу қасди ӯ сӯйи фироқ,
Тарки коми худ гирифтам, то барояд коми дӯст.
Ҳофиз, андар дарди ӯ месӯзу бе дармон бисоз.
3-он, ки дармоне надорад дарди беороми дӯсг.
Муаллиф: Ҳофизи ШерозӣRelated Posts
Дуст
Дӯстон, хушбахт бошед,
Дар ҷаҳон бо ёри хушгил!
Дӯстон, хушвақт бошед,
Дар дили ёрони хушдил!
Ҷои ожанги руху чини ҷабин
Рӯзҳои неки худро бишмаред.
Рӯзатон то бегунаҳ бегаҳ шавад,
Ҳар саҳар бар рӯи тифлон бингаред.
Дидаед оё ки ҳангоми гусел
Мекашад поезд ҳам оҳи гарон?
Дидаед оё ба вақти зилзила
Зилзила афтад ба ҷони одамон?
Дӯстон! Дар зиндагии одамӣ
Сабр аз сандону зарб аз чаккуш аст.
Баҳри ман ин иттиҳоди сабру зарб
Чун камоли худшиносиҳо хуш аст.
Зинда бодо зарби чаккуш,
Зинда бодо сабри сандон!
То дар ин сон созмони зарбу сабр
Созад инсон теғи буррон!
24.10.1967
Муаллиф: Лоиқ Шералӣ